среда, 17 августа 2016 г.

Ресторан – тӯйхонаҳо



Аз самарқандиёни бо грин-карт ба Америка рафта кор карда гаштагӣ яке бо як ҷавони сиёҳпӯст дӯст шудааст. Он ҷавони сиёҳпӯст (дар Амрико негр ё сиёҳпӯст гуфтан манъ аст, онҳоро афро-америкоӣ мегӯянд) ба тӯи никоҳи худ самарқандиро низ даъват кардааст. Самарқандӣ ба тӯй омада мебинад, ки теъдоди ҳамаи меҳмонон 10-12 касанд.

Баъд аз тӯй сиёҳпӯст мепурсад: - Ба ту тӯйи мо хуш  омад?

- Ман ба ту навори тӯйи никоҳи худамро намоиш медиҳам, бин ва хулоса кун, ки  тӯй чӣ хел мешавад,- гуфт самарқандӣ.

Сиёҳпӯст баъди навори тӯйро дидан гуфтааст: - Магар хешу таборатон ин қадар зиёданд?

- Не, дар байни онҳо танҳо 7 нафар хешони ман ҳастанд, дигар ҳама аҳли гузар ё ки ҳамту шиносҳо.


- Агар тӯйҳоятон ин қадар калону серхароҷот бошад, боз солҳои зиёд дар Америка барин кишварҳо ғуломҳо барин кор мекунетон,- гуфтааст сиёҳпӯст.

Ободиро намегӯед? Кӯчаҳо ба туфайли ресторанҳои нави хушнамуд рангу бори нав пайдо карданд. Соҳибони ресторан – тӯёхонаҳо барои бошукӯҳ ва дабдабаноктар кардани иморати ресторанҳо пулро дареғ надошта истодаанд. Ҳама ба услуби аврупои ампир часпида гирифтаанд. Дар баъзе услуби миллии худамон истифода шавад, ҳам дизайнерҳо онҳооро тарзе часпондаанд, ки дилу ҷигари аз тана ҷудо кардагӣ барин менамояд. Ягонтои он ресторансозон аз содорати меъмории шаҳру вилоят маслиҳат нагирифтааст, ки ба услуби миллӣ созад ё ҳамон ампир? Баъзе дар шакли зоҳирӣ ба торт монанд, баъзе ба ибодатхонаҳои насронии Аврупо.

Аммо ресторансоз дар ин фикр устувор аст, ки ҳар чӣ кадар зиёдтар ба  Аврупо тақлид кунад, нархи ҷои нишаст ҳамон қадар баландтар хоҳад шуд.

Усто Б., ки ресторани нав месохт,  ба назди усто Амриддин барои қолиби як нақши муракаб омад. Ман ба ӯ гуфтам:
 - Фалон ва фалон ресторанҳоро шумо сохтед?
- Ҳа, ман сохтам,- гуфт усто.
- Ресторани ҳозираро  низ ҳамон хел сохта истодаед?
- Бале.
- Ба хӯҷаин нафаҳмондед, ки ҳар чизе дар як услуб бисёр шавад, қиматаш паст хоҳад шуд?
- Ман низ мисли шумо меъмории миллиро дӯст медорам,- гуфт усто Б. Аммо хӯҷаини ресторан фаҳмидан намехоҳад. Ана ҳамин хел месозӣ! Вагарна устои дигарро даъват мекунам, мегӯяд.
- Дар ресторани ампир, ҷилва мекунад кампир,- гуфтам ман.
- Бале, ҳамин хел аст,- гуфт усто Б. – Аммо имрӯз - замони карруфар, ҳамаи ин гузаранда. Барои танзими маъракаҳо бо фармоиши хуби президент ҳукуматҳои маҳаллӣ қарорҳои худро баровардаанд. Агар ин қарор амалӣ шавад, минбаъд ба  сохтани ресторанҳои бузург эҳтиёҷ намемонад.

Чанде пеш ба яке аз чунин ресторанҳо дар  тӯй иштирок кардам. Ба туалет барои дастшӯӣ даромада телевизори калонэкрани дар девор насбкардаро дида ҳайрон шудам. Чунин кор ҳатто ба хаёли нобиға намеояд!

Кондиционери калон ҳаворо  доим тоза ва салқин нигоҳ медошт. Инро фаҳмидан мумкин.  То ҳол фикр карда гаштаам, ки вазифааи телевизор дар туалет аз чӣ иборат.

Ягон лоиҳаи хуби чунин ресторан – тӯйхонаҳо вуҷуд  надорад, ки бо қаноатмандӣ бигӯед: - Мана, ресторан – тӯйхонаи ҳақиқӣ!

Ҳамаи онҳо  бенуқсон нестанд. Проблемаҳо  низ ҳастанд. Масалан кӣ бояд назорат кунад, ки нархи ҷои нишастро ресторанчиҳо баланд кардан нагиранд?

Маҳорати ошпазҳои ин ресторанҳоро баланд  гуфта наметавонед. Зеро дар байни ошпазҳои ин ресторанҳо ягон хел мусобиқа гузаронида намешавад ва соҳиби маърака намедонад, ки аз ошпазҳои чунин ресторанҳо кӣ таъомҳои тӯйро беҳтар пухта метавонад.

Дигар имкони тӯйҳоро аз ресторан – тӯйхонаҳо ба ҳавлиҳо кӯчонидан нест. Акнун кори ин ресторан – тӯйхонаҳоро ба он  тарз ташкил кардан лозим аст, ки ба гардани соҳибтӯй бори вазнин нагарданд.

Мусобиқаи кӣ ба дастархон зиёдтар маҳсулот мегузорад, ба  исрофкорӣ оварда расондааст. Ба мушоҳидаи камина наввад дар сади ғизоҳои рӯи дастархон нахӯрда мемонанд.

Магар соҳибтӯй наметавонад, ақалан нисфи онҳоро ба хонаи бачагон ё пиронсолони бепарастор фиристонад? Маънои асосии тӯй садақа додан, хайру саховат, яъне кори савоб кардан мебошад, ин анъанаи қадима набояд фаромӯш шавад.

Оид ба ин масъалаҳо хонандагон низ бояд фикри худро нависанд, зеро ки тӯйҳо муҳимтарин рукни зиндагии мардум гардидаанд.

Комментариев нет: