вторник, 11 августа 2015 г.

Нависанда муаллими халқ аст



Мусоҳиба бо устод Адаш Истад

Ба арсаи  эҷод омадани ҳар як нависандаи соҳибҳунар ва мумтоз ҳодисаест нодир. Дар адабиёти тоҷик дар жанри фантасика (хаёлот) хомабадастон ангуштшуморанд. Устод Адаш Истад дар ин равия маълуму машҳур аст. Агар ба забони мусиқӣ гӯем, оҳанги марғуб, услуби хос, нотакрории дилнишин, шавқовару хотирнишине дорад, ки мухлисашро чун оҳанрабо ба сӯяш мекашад.
Чанде пеш ман бо ин нависанда сӯҳбате кардам, то бо ин ки аз дили ӯ чиҳо мегузарад, мухлисони адабиётро огоҳ  созам.

воскресенье, 9 августа 2015 г.

Кадом ҳақиқатро бояд гуфт?



Ин суол ба як хонандаи блоги камина тааллуқ дорад.

Посух додам: Ҳама гуна ҳақиқатро.

Вақте ки дар расонаҳо ҷои ҳақиқатро суханҳои дар зимн дурӯғу аммо зоҳиран ҳақиқатнамо мегирад, вайронӣ дар ҷомеа густариш меёбад.

Масалан бисёр солҳо дар Тоҷикистон ба ҷои яккахонӣ гуруҳ шуда хондани Шашмақом расм шудааст. Ин гуруҳ аз сарояндаҳои ҳунарашон воло иборат набуд. Дар Шашмақом се унсур пурра набошад Шашмақом нест: сурудхонии устодона яъне яккахонӣ, навозандагии устодона ва шеъри устодона.

Даргузашти Маннон Розиқов



Аз Душанбе ба дӯстони камина хабари даргузашти инсони хоксор, соҳибқалам ва накӯкор Маннон Розиқов расидааст. Қарзи худ мешуморам, ки ба ҳама пайвандон ва дӯстони Маннон Розиқов ҳамдардию таъзияи дӯстони самарқандиашонро бирасонам.

Маннон Розиқов соли 1969 вақте ки бори аввал ба Душанбе барои кор ба идораи «Комсомоли Тоҷикистон» рафта будам, шиносномаи маро дар хонаи худ ба қайд гирифта буданд ва пас аз ин ман тавонистам корманди рӯзнома шавам.